Пайвандҳои дастрасӣ

Заррагул, як сокини деҳаи Работи ноҳияи Турсунзода чаҳор фарзанди худро хафакуш намудааст.

Вақте ӯ чаҳорумин ва охирин фарзанди навзоди худро буғӣ намудаву ба қатл мерасонад, шавҳар ва наздикони шавҳараш ба шӯбҳа меафтанд ва ба кормандони умури дохила муроҷиат мекунанд, ки амалҳои ин занро пайгирӣ кунанд.



Заррагул Шарифова, ин зани 32 сола ҳамроҳ бо шавҳараш зиндагии фақирона дошта соҳиби чаҳор фарзанд будаанд.

Ба қавли наздикони Заррагул, шавҳараш аслан дар шаҳри Турсунзода ба мардикорӣ машғул буда тақрибан дар ҳафта як маротиба ба назди хонаводааш бармегаштааст.

Тавре, ки Заррагул ба кормандони шӯъбаи умури дохилаи Турсунзода нақл кардааст, ҳангоми асабонияти зиёд, ҳисси фарзандбадбинӣ ғайримунтазира вуҷудашро фаро мегирад, ки то мурдани пайвандаш гулӯи ӯро бӯғӣ мекардааст.

ҚОТИЛИ ЧАҲОР ФАРЗАНД

Заррагул Шарифова бо ҳамин шева фарзанди дусола, чаҳорсола ҳафтсолаи худро ба қатл мерасонад, ки аз ин амали вай на шавҳараш ва на кадом наздиконаш хабардор намешаванд. Вай дар ҷавоб ба пурсиши шавҳараш мегуфтааст, ки кӯдак таби баланд карду ҷон дод.

Сардори шӯъбаи навбатдории бахши умури дохилаи шаҳри Турсунзода Руслан Шоев ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз куштани фарзанди охирини навзодаш, мавриди шубҳаи наздиконаш қарор мегирад: «Бо куштани охирин фарзандаш, дар маъракаи хайру худоии охирин фарзандаш, шавҳараш аз вай мепурсад, ки барои чӣ ҳамаи фарзандон бо як шева ва пушти сари ҳам мемиранд. Вақте, ки фарзанди думоҳаашро буғӣ мекунад ва беморхона меорад. Дар беморхона ба шӯъбаи умури дохила муроҷиат карданд. Ман ҳам дар амалиёти кушодани гӯри фарзандонаш ширкат доштам. Мо ҷасади хурдсолро ташхис кардем. Доғи сиёҳ дар гулӯяш дида мешуд. Бо фишори дастҳо буғӣ карда ба қатл расондааст.
Вақте ҷасадҳои се фарзанди дигарашро ҳам боз кардем ҳамин нишонаҳоро дарёфтем. Аз Заррагул пурсидам, ки чаро чунин рафтор кардааст, гуфт, ки фарзандҳом дар назарам шум метофтанд, то мурданашон буғӣ мекардам.»


ФАРЗАНДКУШ ДАР БОЗДОШТГОҲ

Руслан Шоев меафзояд, ки ҳоло Заррагул дар боздоштгоҳи бахши умури дохилаи шаҳри Турсунзода қарор дорад ва алайҳи ӯ парванда боз карда шудааст. Ба қавли ҷаноби Шоев, дар сӯҳбату суолу ҷавоб, осори вуҷуди мушкили равонӣ ва ё ҷунуниву девонагӣ дар Заррагул эҳсос карда намешавад. Ҳоло Шӯъбаи умури дохила Турсунзода тасмим гирифтааст, ки барои ташхиси вазъи саломатии Заррагул ӯро ба Душанбе биёранд.

Ҳарчанд кормандони умури дохила ин амали Заррагулро истисноӣ арзёбӣ мекунанд, вале равоншиносон мегӯянд, ки вазъи иҷтимоии як даҳсолаи ахири кишвар мардумро ба танг оварда ва ин ба равони онҳо бетаъсир намондааст.

Шавҳари Заррагул аслан ба аробакашӣ машғул буда таъмини дурусти хонаводаашро надоштааст.

Ин ниёзмандиҳои давомдори иҷтимоӣ ҳатман ҳолати равонии шахсро ба тарафи манфӣ тағйир медиҳад. Равоншинос Бобоҷони Қаюмзод, дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки «Агар мо ба амали ин зан нигоҳ кунем мебинем, ки мушкили равонӣ кайҳо дар ин зан пайдо шудаву заминаи амиқ гузоштааст. Ва мушкилоти иҷтимоӣ, нодорӣ, таъмини нокифояи рӯзгор ба сурати умум ин ҳолати равониро боз ҳам шиддат бахшида ба дараҷаи аъло расондааст, ки вай ба қатл, ҳатто ба қатли пайвандонаш даст задааст.»

Ҳоло муҳоҷирати корӣ, ки аслан ба мардҳо рабт мегирад, занонро дар хонаҳо бо фарзандон танҳо мегузорад. Ва тақрибан таъмини хонавода ва назорати фарзандон ба дӯши занон меафтад.

РӮЗГОРИ САХТ ВА МУШКИЛОТИ РАВОНӢ

Ба қавли равоншиносон, дар баъзе ҳолатҳо занҳо тавони бардошти ташвиши хонаводаро намекунанд ва дар ниҳоят ба мушкили равонӣ гирифтор мешаванд.

Саодат Мӯъминова, корманди Кумитаи занони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамин ҳафта як зани тоҷик ба кумита муроҷиат мекунад, ки ҳавоси худро аз даст додаасту имкон дорад ба фарзандаш зарар расонад. Вай аз Кумитаи занон тағозо кӯмак кардааст: «Ин зан дар дасташ коғази духтурро дошт, ки бемории равонӣ доштааст. Шавҳараш пештар даргузаштааст ва писараш дар маҳбас будааст. Як духтари ҳафтсола дорад. Ин зан гуфт, ки вақте, ки асабонӣ мешавад, духтарашро шадидан латту куб мекардааст ва ҳар чӣ, хоҳ оҳан, хоҳ чуб ба дасташ афтад мезадааст. Вай гуфтааст, ки агар касе халос накунад, то мурданаша мезанам. Мо пешниҳод кардем, ки духтараша ба интернат медиҳем ва ҳоло ҳуҷҷатҳои ӯро тартиб дода истодаем.»

Кумитаи занҳои Тоҷикистон ва дигар созмонҳои масоили кӯдаку модар мегӯянд, ки оморе доир ба қатлу куштори фарзанд аз тарафи модару падар вуҷуд надорад. Онҳо мегӯянд, ки ҳодисаҳои фурӯшу қочоқи фарзанд аз тарафи волидон дар дусоли ахир афзоиш ёфтааст, ки сабабҳои аслии чунин рафтор ба мушкили иҷтимоӣ дар ҷомеаи кишвар вобастагӣ доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG