Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъоҳо доир ба шиканҷаи як фаъоли сиёсии Белорус


Ҷабҳаи ҷавонон, як ҳаракати мухолифи давлати Белорус мегӯяд, як узви фаъоли онҳоро, ки ба саввуним соли зиндон маҳкум шудааст, азобу шиканҷа додаанд. Ба гуфтаи Ҷабҳаи ҷавонон, Микита Лихавид, дар зарфи 40 рӯзи гузашта чаҳор маротиба дар ҳуҷраи якнафарӣ андохтаанд, ки ин кор бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, “шиканҷа” маҳсуб мешавад. Микита Лихавидро рӯзи 30 март барои ширкат дар тазоҳуротҳои густурдаи баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус дар моҳи декабри соли гузашта ба зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG