Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии сафири Амрико ва САҲА аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ


Cафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс.

Cафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс.

Кенет Гросс, хостори озодии фаврии хабарнигори шабакаи Би-Би-Сӣ шуд.

Ҷаноби Гросс дар як изҳороти видеоӣ, хостори таҳқиқи мунсифонаи парвандаи Урунбой Усмонов шудааст. Вай мегӯяд:

"Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов нигаронии амиқи хешро изҳор медорад, ки рӯзи 13-уми июн дар Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Мо аз мақомоти давлат даъват мекунем, иддаоҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ҷаноби Усмоновро ба таври мукаммал таҳқиқ намуда, ба меъёрҳои байнулмилалии шаффофияти додгоҳӣ арҷ гузоранд. Ба эътиқоди мо, хабарнигорон набояд барои навиштаҳояшон табъиз ё зиндонӣ шаванд. Аз ин рӯ мо даъват мекунем, дар сурати набуди ҳеҷ гуна далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ӯ бояд фавран озод карда шавад."

Сафири Амрико аз мақомот хостааст, ки қазияи ин хабарнигорро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода дар сурати набудани далелҳои қотеъ ва надоштани гуноҳ, ӯро аз боздошт раҳо намоянд.




Дар ҳамини ҳол Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст: "Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд."

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ хабарҳои бе ягон ҳимояи ҳуқуқӣ мондани Усмоновро шадидан маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Бритониё дар Душанбе хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG