Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз боздошти хабарнигор дар Тоҷикистон нигарон аст


Давлати Амрико аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Радиои Би Би Си дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда ва аз мақомоти расмӣ хост, иддаъоҳо доир ба бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ӯро таҳқиқ кунанд.Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе дар баёнияи расмиаш, ки аз тариқи торнамои Ю Тюб нашр шудааст, мегӯяд: “Мо аз мақомоти давлат мехоҳем, иддаъоҳо дар бораи бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ҷаноби Усмоновро ба таври мукаммал таҳқиқ намуда ва ба меъёрҳои байналмилалии шаффофи додгоҳӣ арҷ гузоранд. Ба эътиқоди мо, хабарнигоронро набояд ба хотири навиштаҳояшон табъиз ва ё зиндонӣ кунанд. Аз ин рӯ мо даъват мекунем, дар сурати набуди ҳеҷ далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ фавран ӯро озод кунанд. Урунбой Усмоновро, хабарнигори бахши ӯзбакии Радиои Би Би Си-ро, рӯзи 13-июн дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият ва ҳамкорӣ дар созмони тундрави исломии Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG