Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: "Натиҷаҳои аудити Талко ва Роғун нашр мешавад"


Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки то охири ҳамин моҳ натиҷаҳои аудити дохилии Ҷамъияти саҳҳомии “Роғун” ва Ширкати “Талко”-ро нашр мекунанд. Ин ниҳод дар ивази кӯмакҳои молиаш, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, фаъолияти корхонаҳои бузурги давлатиро шаффоф кунад. Қарор буд, натиҷаҳои аудити нерӯгоҳи “Роғун” ва Корхонаи алюминсозии “Талко” моҳи феврал, нашр шавад, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, бинобар иллатҳои фаннӣ натиҷаҳои аудтиро охири моҳи июн нашр хоҳанд кард. Қазияи аудити “Талко” таърихи дурударозе дорад, чун дар Тоҷикистон мегӯянд, бахше аз даромадҳои зиёди ин ширкати бузурги давлатӣ ба ҳамёни баъзе аз мақомоти баландпояи давлат меравад. “Талко” дар гузашта бо ширкатҳои миёнараве вориди баҳсҳои додгоҳӣ шуда буд ва давлати Тоҷикистон бино ба гузоришҳо барои он бештар аз 100 миллион доллар харҷ кард.
XS
SM
MD
LG