Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CIA иддаъо дар бораи ҳамла ба торнамояшро таҳқиқ мекунад


Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA мегӯяд, гузоришҳо доир ба ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ба торнамои худро таҳқиқ мекунад. Гурӯҳи рахнагарони интернетӣ мавсум ба “Лулз Секюритӣ” бо нашри паёме дар торнамои иҷтимоии Твиттер навиштанд, ки ҳамла барои рахна кардани вебсайти CIA ро шурӯъ кардаанд. Гузориш мешавад, ки шоми чаҳоршанбе торнамои Хадамоти Истихборотии Амрико гирифтори мушкилот шудааст, вале маълум нест, ки оё ин кори дасти рахнагарони интернетист ё на. Гурӯҳи “Лулз Секюритӣ” пеш аз ин иддаъо карда буд, ки бо рахнаи шабакаи компютерии сенати Амрико аз он маълумоти мухталифро ҳам дуздидааст.
XS
SM
MD
LG