Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: "Гуфтаҳои Карзай натиҷаи хуб надодаанд"


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико мегӯяд, Вашингтон дар ҷараёни ҷанги даҳсола дар Афғонистон бисёр вақт гуфтаҳои раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзайро ба инобат гирифта ва кори начандон хубе анҷом додааст. Роберт Гейтс, ки маъмурияташ охири моҳ ба поён мерасад, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури як зеркумитаи дифоъии сенати Амрико гуфт. Ӯ аз ҷумла моҷарои Карзай дар бораи ширкатҳои хусусии амниятиро мисол овард, ки Амрико аз онҳо дар Афғонистон истифода мекунад. Роберт Гейтс, афзуд, Ҳомиди Карзай ба ӯ гуфтааст, ки бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон соли 2014 аз мақомаш хоҳад рафт, аммо ҳоло сару садоҳое ба гӯш мерасанд, ки Ҳомиди Карзай мехоҳад, бо ислоҳи муқаррарот, баъди соли 2014 ҳам дар мақомаш бимонад.
XS
SM
MD
LG