Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завоҳирӣ ҷойгузини бин Лодин шуд


Як сафҳаи интернетии Ал-Қоида навиштааст, Айман Завоҳирӣ ба ҷои Усома бин Лодин раҳбари шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст.

Аймон Завоҳирӣ то ҳол муовини Усома бин Лодин буд. Бин Лодин аввали моҳи маи соли ҷорӣ дар Аббутобод-шаҳраке дар наздикии Исломободи Покистон дар амалиёти нирӯҳои вижаи Амрико ба қатл расид.

ЗАВОҲИРӢ ДАР РАЪСИ ТАНЗИМИ АЛ-ҚОИДА

Фармондеҳии кулли ин шабакаи террористӣ “баъд аз машварат” эъломияи интихоби Завоҳириро дар як сафҳаи интернетии марбут ба ал-Қоида ба нашр расондааст. Ал-Қоида акнун зери раҳбарии Завоҳирӣ эълон кардааст, ки ҷиҳоди худро бар зидди “кофирони истеъморгар” ба раҳбарии Амрико ва “арӯсаки он” Исроил ва ҳар кишвари дигаре, ки аз онҳо ҳимоят мекунад, идома медиҳад.

Дар изҳороти худ Ал-Қоида аз шӯришҳои мардумӣ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна ҷонибдорӣ кардааст ва аз мусулмонон хостааст, ки “ба по хезанд ва то замони сарнагунии режимҳои ришвахору золими дастнишондаи Ғарб мубориза кунанд, устувориву сарсупурдагӣ нишон диҳанд.”

Дар як навори видеоӣ, ки дар авоили моҳи ҷорӣ чун мадҳия дар ҳаққи бин Лодин нашр шуд, Завоҳирӣ ҳушдор дод, ки бин Лодин аз гӯр низ Амрикоро “ба даҳшат хоҳад андохт”. “Шайх ин дунёро чун шаҳиди роҳи худо тарк гуфт, худо раҳматаш кунад. Мо бояд дар ҷиҳод аз роҳи вай пеш равем, таҷовузгаронро аз хоки мусулмонон биронем ва ин хокро аз беадолатӣ пок созем.”

АМРИКО БА ДУНБОЛИ ЗАВОҲИРӢ НИЗ ҲАСТ

Завоҳирӣ зодаи Миср аст ва солҳо муовини бин Лодин буд. Аксарият бар ин бовар буданд, ки вай дар раҳбарии Ал-Қоида ҷои бин Лодинро ишғол хоҳад кард. Завоҳирӣ 59-сола аст ва дар садри феҳристи террористҳои хатарнок ҷой дорад. Амрико барои хабаре, ки битавонад заминаи боздошти Завоҳиро фароҳам созад, 25 миллион доллар ҷоиза эълон кардааст.

Додситонии Амрико вайро барои бамгузориҳо дар сафоратхонаҳои Амрико дар Танзанияву Кения дар соли 1998 муттаҳам медонад. Маҳали иқомати Завоҳирӣ маълум нест, вале таҳлилгарони амниятӣ ҳадс мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд вай дар манотиқи марзии миёни Покистону Афғонистон паноҳ бурдааст.

АЗ ПИЗИШКӢ ТО ЗИНДОН ТО РАҲБАРИИ АЛ-ҚОИДА

Завоҳирӣ фарзанди хонаводаи миёнаҳоли Миср аст. Дар хонаводаи пизишкону донишмандон ба дунё омадааст. Дар донишгоҳи Қоҳира дар риштаи пизишкӣ таҳсил кардааст. Вай дар Миср се сол зиндонӣ шудааст ва баъд аз раҳоӣ дар миёнаи солҳои 1980-ум бо бин Лодин вохӯрдааст. Онҳо ҳар ду аз пайкори муҷоҳиддин бар зидди ишғолгарони Шӯравӣ дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекарданд.

Дар солҳои 1990-ум Завоҳирӣ раҳбарии гурӯҳи Ҷиҳоди Исломии Мисрро бар ӯҳда гирифт. Ҳадафи ин созмон ташкили давлати исломӣ дар Миср буд. Баъдтар ин созмон бо Ал-Қоида як ҷо шуд. Соли 1999 додгоҳи низомии Миср Завоҳириро дар ғиёбаш маҳкум ба эъдом кард. Завоҳирӣ бо бин Лодин ба Судон рафт ва аз он ҷо ҳамроҳ ба Афғонистон баргаштанд ва дар манотиқи зери контроли Толибон барои худ ҷои амн пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG