Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ман Қаландарова Анастасия Василевна, 84 сол дорам, духтури генеколог, ҳоло бознишастаам. Ман яке аз ҳазорон кӯдакони замони ҷанги бузурги Ватанӣ ҳастам.

Моро «дети войнъ» ё «фарзандони ҷанг» меноманд. Худ зодаи Сибирам, вале 13 сола будам, ки бо ду бародари хурдсол ва модарам моро дар солҳои ҷанг ба Узбакистон кӯчониданд. Муддате пас ман бо амри тақдир ба Сталинобод яъне Душанбе омадам ва бахши генекологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда тибқи роҳхат ба ноҳияи он вақт Молотов, ҳоло Қумсангир ба кор рафтам. Дар онҷо бо ҳамсари азиам, худораҳматии Анвар Қаландаров, шахсияти шинохта, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, ходими партиявӣ ва давлатӣ қариб 50 соли умрамон бо ҳам гузашту соҳиби се писару чандин набера шудем. Инак 21 сол аст, ки вафот кардаасту навҷавониҳоямон ва лаҳзаҳои зиндагиамон мисли лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд, гуё, ки дирӯзакак рух дода бошанд.

Ба ман бисёр вақт ҳамин гуна суол медиҳанд, ки давраи ҷавонии шумо дар СССР чӣ гуна гузаштааст. Ман кӯтоҳ ҷавоб медиҳам. Бо азму суботи беандоза, боварӣ ба фардои боз ҳам беҳтар ва хушу хурсандона. Албатта инро низ намешавад истисно кард, ки ҳар як сохту низом ба худаш камбудҳову норасоиҳо дорад. Вале ба назари ман, солҳои шӯравӣ аз камбудҳо дида бартариҳои бештар дошт. Тарзе сохта шуда буд, ки одам қадр дошт, қонун риоя мешуд. Касе аз касе боло гузошта намешуд. Раису роҳбар ва вазиру кабир ҳамон чизеро мехӯрд, ки коргару деҳқон мехӯрад. Касе манфиати худро аз манфиати мардуму кишвар боло намегузошт.

Барои мо ҷавони касбу кори гуногун, пеш аз ҳама хидмат кардан ба мардум дар ҷойи аввал меистод, баъд чизҳои дигар. Дар тамоми вилояти Хатлон дар солҳои барқарорсозии баъди ҷангӣ, яъне солҳои 40- 50- ум танҳо ман духтури ҷарроҳ будам ва боз ду нафари дигар духтури кӯдакон ва бемориҳои дарунӣ. Хоҳ шаб бошаду хоҳ рӯз, хоҳ барф асту хоҳ борон, хуб роҳҳои вайронаву пурлойи деҳоти дурдаст дар он солҳо ба ҳама маълум аст, ману ҳамтоёнам баъзан савори аспу ароба, баъзан савори велосипед деҳа ба деҳа мегаштем ва занҳои беморро муолиҷа ва ҷарроҳӣ мекардему таваллуд мекунондем. Мо ҷавонони он солҳо чунин тарбия гирифта будем, ки ҳар қадар кор вазнин бошад, ҳамон қадар рӯҳияи ватандории мо меафзуд ва ифтихор мекардем, ки ба мо чунин корҳои душворро бовар карда фиристодаанд. Пас мо бояд нерӯи худро дуруст истифода кунем, созем обод кунем. Мо як шиор доштем: Агар ман накунам, кӣ мекунад? Мо ғами сарзамину кишвари худро худамон мехӯрдем. Умед ба ягон кишвари мададрасон ё мисли ҳоло донорҳо надоштем. Ба замми таҳсил, мо ҷавонон дар ҳайати стройотрядҳо дар сохтмонҳои муҳими мамлакат саҳмгузорӣ мекардем. Канал мекофтем, деҳоти вайронаро обод мекардем, мактабу боғча ва роҳу пулҳо месохтем. Моро касе маҷбур намекард. Мо бо ибтикори худ ариза навишта ба сохтмонҳои муҳими давр рафта кор мекардем. Баъзе аз мо ҷавонон дар баробари кору таҳсил, боз шабона дар мактабҳои маҳви бесаводӣ дарс медоданд.

Ҳа, гуфтагӣ барин, чаро ман ин қадар «ман ман» гуфта дар бораи худ нақл мекунам? Беҳтараш дар бораи шавҳарам Анвар Қаландаров ягон чиз гӯям. Анвар Қаландаровро насли миёнсолу калонсоли кишварамон ба хубӣ мешиносанд. Чунки ӯ дар обод кардани деҳоти вайрона дар водии Қаротегину вилояти Хатлон, корамсозии заминҳои бекор, сохмони роҳҳо, аввалин мактабҳову боғчаҳи бачагона саҳми беандоза бузург дорад.
Мо зану шавҳар қариб, ки ҳамдигарро ҳафтаҳо намедидем. Кор ва хидмат ба мардум барои мо дар ҷойи аввал меистод. Барои худ чизе надоштем. Анвар бо як костюм ҳам ба маҷлисҳои партиявӣ мерафту ҳам меҳмонӣ. Хонаи иҷора доштем ҳамеша. Анвар Қаландаров ҳарчанд бо супориши партия баъди аз ҷанг омадан ҳамеша дар корҳои роҳбарӣ фаъолият кардааст, вале кам ӯро дар идора ёфтан мумкин буд. Дар лою об ҷӯлида ҳамроҳи мардум канал мекофту симчӯбҳои барқӣ васл мекарду фермаҳои молпарвариву мурғпарварӣ бунёд мекард. На танҳо ману шавҳарам, балки ҳама чунин буданд. Сарварон бо ном роҳбар, вале ҳамеша дар паҳлӯи мардуми оддӣ буданд. Худро хидматгори мардум медонистанд, на мардумро хидматгори худ.

Ман Анварро ду бор аз марг наҷот додам. Бори аввал захми меъдаашро буридам, ки ҳамин боис шуду мо ҳамдигарро дӯст доштему ним аср як зиндагии ширину пурумеду пурбоварӣ ва пурчаспу талош ба сар доштем. Бори дуввум ӯро барқ зад, ки ҳеҷ кас ба зиндамонданаш умед надошт. Ҳарчанд барои мо духтурон муолиҷаи наздиконамон басо душвор аст, вале ман тамоми нерӯи худро ҷамъ карда эҳсосотро як сӯ гузошта ба Анварам кӯмаки аввалия кардам. Ҳатто даҳонамро ба даҳонаш гузошта нафаси сунъӣ додам ва ёдам ҳаст хушдоманам фарёдкунон рӯю мӯямро канда мегуфт, «Эй уруси балорехта, эй кофир, охи бачам мурдестай, и боша мачакуш (бӯсааш) кардестай. Айба намедонае. Бигире даъфуш кунен.»

Вақте Анварро ба ҳуш овардам ва чашмонашро кушод, хушдоманам аз шодӣ маро ба оғуш кашида бӯсаборон кард.

Ёдам ҳаст боре сел омада қариб буд заминҳои пахтаро шӯяд. Пеши роҳи обро гирифтан душвор буд. Бо азобе барои сел роҳ кушоданду заминҳои ҳосилро аз он наҷот доданд ва ҳамон рӯз чанде ҳамкорон Анварро ба хона оварданд, ки аз хастагиву беҳолӣ аз ҷой ҷунбида наметавонист ва сару руй ва тамои либосҳояш лойолуд буд. Ман шӯхикунон пурсидам, ки Анваро дар роҳи сел хобондед чӣ? Ва баъдан фаҳмидам, ки воқеъан Анвар Қаландаров, ки марди тануманде буд, то ёфтани илоҷи дигаре тахтапушти худро дар дами қубури калони обгузар гузошта муваққатан роҳи селро баста будааст.

Баъдан давлату ҳукумат хидматҳои Анвар Қаландаровро қадрдонӣ кард ӯро бо ордени Ленин, Ситораи сурх ва чандин мукофотҳои сарфароз карданд То имрӯз Гаровутӣ, совхозе ки роҳбарӣ мекард, номи ӯро дорад. Як одате доштем мо, ки худнамоӣ кардану худро таъриф кардан ё тамаъкориву дурӯғгӯӣ бароямон бегона буд. Пеши бари костюми Анвар Қаландаров аз ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ буд, вале то маҷбураш накунем, онро намепӯшид. Журналистон дунболаш ҳафтаҳо мегаштанд, ки дар борааш чизе нависанд, муваффақ намешуданд. Мегурехт. Мегуфт, ман вазифаамро иҷро кардам, ба халқам хизмат кардам. Чаро маро бояд таъриф кунанд?

Писарҳоямон Рустаму Алишер ва Сироҷиддин низ дар ҳар кору касбе набошанд, ҳамин гуна фурӯтану хоксор ва инсондӯстанд. Маро бисёр эҳтиром мекунанд. Сироҷиддинам, ки солҳои зиёд ҳамчун ҳуқуқдони дараҷаи аввал дар дастгоҳи раиси ҷумҳур ва баъдан дар Созмони ҳамгироии иқтисодии Авроосиё кор мекард, дар пайи сактаи дил ду соли пеш даргузашту доғӣ пирӣ шуд бароям.

Ҳамин буд як хушае аз боғи пурбаргубори зиндагии ман, ки дар домони сабзи пуштаҳои СССР ва талу теппаҳои сарсабзи Тоҷикистон нумӯъ кардааст. Ман шояд ягона русе бошам, ки шаҳрвандии Руссияро надорам. Ба ман пешниҳодҳо дар маврид шуда буданд, вале ман қабул накардам. Гуфтам ман як ватан дорам, ки Тоҷикистон аст. Мардуми тоҷик забони тоҷикиро ниҳоят дӯст медорам. Ҷашни Наврӯзу идҳои Рамазону Қурбонро бо тамоми майл бо азизонам ҷашн мегирам. Одату расму русуми мардумамро мепарастам ва риоя мекунам. Охирин орзуям ҳамин аст, ки дар паҳлӯи шавҳари азизам Анвар Қаландаров ба хок супурда шавам.
Агар имкони ёфтани умри дигару ҷавонии дигарбора насиб буд, ман орзу мекардам, ки онро боз ҳам дар ҳамон айём сипарӣ ва боз ҳам сарфи ободии кишвари азизам Тоҷикистон ва хушбахтии ҳамдиёронам созам.


Қаландарова Анастасия Василевна, 84 сола, духтури генеколог, ҳоло бознишаста.

Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG