Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври ҳафтуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Панҷ бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Ҳосилот» - “Саройкамар» - 1:0, «Вишгард» - «Данғара» - 1:0, «Локомотив» - «Ҷавонон» - 1:0, «Ситора» - «Вахши зарнисор» - 4:1, “Ҳулбук» - «Зарафшон” - 1:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳафт даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 17 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳулбук”-и Восеъ бо 14 имтиёз дар ҷойи дуввум ва “Пахтакор”-и Қубодиён бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 7 5 2 0 12-3 17
2. «Ҳулбук” (Восеъ) 7 4 2 1 16-7 14
3. «Пахтакор” (Қубодиён) 6 3 2 2 15-7 11
4. «Зарафшон» (Панҷакент) 6 2 2 1 11-5 11
5. «Ситора» (Рӯдакӣ) 7 3 2 2 7-6 11
6. «Саройкамар» (Панҷ) 5 3 1 1 9-4 10
7. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 6 3 1 2 8-7 10
8. «Вахши зарнисор» (Вахш) 6 2 3 1 10-9 9
9. «Сабо» (Шаҳринав) 5 2 2 1 11-6 8
10. “Локомотив” (Душанбе) 7 2 2 3 4-8 8
11. «Данғара» (Данғара) 6 2 1 3 4-5 7
12. “Вишгард” (Файзобод) 7 2 0 5 6-17 6
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 5 1 0 4 4-13 3
14. “Румӣ” (Румӣ) 4 0 0 4 1-10 0
15. “Рашт” (Рашт) 6 0 0 6 1-12 0

Даври 8-ум

19-уми июн (якшанбе)
«Вахши зарнисор» - «Румӣ»
«Зарафшон» - «Ситора»
«Ҷавонон» - «Сабо”
«Данғара» - «Локомотив»
«Саройкамар» - «Вишгард»
«Кӯктош» - «Ҳосилот»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG