Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилон беш аз ҳама ба духтарчаи 6-сола корд задаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Гумонбаршудагони қатли ваҳшиёнаи як зану шавҳари тоҷик ва кӯдаки 6-солаи онҳо дар Русия боздошт шудаанд.

Мақомоти интизомии Русия имрӯз гуфтанд, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи се шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Свердловск ду нафарро боздошт карданд.

Александр Шулга, сухангӯи Раёсати вилоятии Кумитаи тафтишотии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Серов аҷсоди як ҷуфти тоҷик бо духтари шашсолаашонро, ки осори захми 40 корд дар баданаш ҳувайдо буд, аз дохили хонаи сӯхтаашон пайдо кардаанд.

Ӯ афзуд: “Ду сокини 21 ва 23-солаи бекори маҳаллӣ, боздошт шуданд, ки ҳоло баёнот медиҳанд ва ба гуноҳи худ иқрор мекунанд. Иллат ва ангезаҳои ин ҷиноят ҳоло таҳқиқ мешавад. Бадхоҳонро дишаб боздошт карданд, ки ҳарду маст буданд.“

Александр Шулга аз эъломи ҳувияти шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ кард. Марди тоҷик 46 ва ҳамсари ӯ 37-сола будаанд. Гуфта мешавад, қотилон беш аз ҳама ба бадани кӯдаки 6-сола корд задаанд.

Солона дар қаламрави Русия бештар аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта мешаванд ва ё мефавтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG