Пайвандҳои дастрасӣ

Як муллои тундравро дар Индонезия зиндонӣ карданд


Додгоҳи Индонезия, Абубакр Башир як муллои тундравро бо гуноҳи мусоидат барои таъсис ва кӯмаки молӣ ба ӯрдугоҳи террористӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин ӯрдӯгоҳи террористӣ дар вилояти Ачеҳ, аъзои гурӯҳҳои тундрави гуногун гирд омада ва ҳамла алайҳи хориҷиён ва рӯҳониёни мӯътадил тарҳрезӣ мекарданд. Абубакр Баширро як моҳ баъд аз юриши маъмурони амниятӣ ба он ӯрдӯгоҳ, боздошт карданд. Мулло Башири 72-сола солҳои тӯлонӣ пайравонашро ба ҷиҳод алайҳи кишварҳои ғарбӣ ва ҳукумати дунявӣ ва демократии Индонезия даъват мекард. Ӯро пешвои рӯҳонии гурӯҳи Ҷамои Исломия, як созмони ифротгаро медонанд, ки ба бомбгузории хунини соли 2002 дар ҷазираи Балӣ муттаҳам мешавад. Дар ин ҳамла бештар аз 200 нафар ва аксаран хориҷиён ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG