Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори варзишӣ


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Йозеф Одложил дар Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кард.

Ин дафъа вай гурзро ба дурии 76 метру 29 сантиметр ҳаво дод. Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби мусобиқа Кристиан Парс, варзишгари Маҷористон, 2 метру 39 сантиметр камтар аст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон гаштааст. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-прии тиллоӣ”-и Seiko дар шаҳри Кавасакии Ҷопон гурзро ба дурии 76 метру 52 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхати олимпӣ шудааст.

Футбол. Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК аз 19-ум то 25-уми сентябр дар Тайван баргузор хоҳад шуд. Барои ба даст овардани Ҷом дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Яданарбон”-и Мянмар, “Тайван Пауэр”-и Тайван, “Балкан”-и Туркманистон, “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Пномпен”-и Камбоҷа мубориза хоҳанд бурд. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Каратэ-до. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-до дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар рақобатҳои инфиродӣ 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Бадриддин Умедов, Гулосори Сӯҳроб, Фирӯза Мақсудова ва Вадим Ҷо Чун-Си ҷойҳои севумро гирифтанд. Инчунин дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Гулосори Сӯҳроб, Фарангиси Баҳромзод, Лола Лиситса ва Фирӯза Мақсудова мақоми севумро касб кард.

Теннис. Бахтиёр Саъдуллоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон дар Қирғизистон барандаи медали тилло шуд. Теннисбози тоҷик ҳамроҳи Павел Тсойи узбакистонӣ дар рақобатҳо байни ҷуфтҳои мардона мақоми аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG