Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти муттаҳамон ба қатли хонаводаи тоҷик дар Русия


Мақомоти интизомии Русия имрӯз гуфтанд, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи се шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Свердловск ду нафарро боздошт карданд. Александр Шулга, сухангӯи Раёсати вилоятии Кумитаи тафтишотии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Серов аҷсоди як ҷуфти тоҷик бо духтари шашсолаашонро, ки осори захми 40 теғ дар баданаш ҳувайдо буд, аз дохили хонаи сӯхтаашон пайдо кардаанд. Ӯ афзуд: “Ду сокини 21 ва 23-солаи бекори маҳаллӣ, боздошт шуданд, ки ҳоло баёнот медиҳанд ва ба гуноҳи худ иқрор мекунанд. Иллат ва ангезаҳои ин ҷиноят ҳоло таҳқиқ мешавад. Бадхоҳонро дишаб боздошт карданд, ки ҳарду маст буданд.“ Александр Шулга аз эъломи ҳуввияти шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ кард. Солона дар қаламрави Русия бештар аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта мешаванд ва ё мефавтанд.
XS
SM
MD
LG