Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парванда дар робита ба ҷанҷоли футбол дар Кулоб


Додситони вилояти Хатлон алайҳи 5 нафар бо иттиҳоми барангехтани бенизомиҳо дар варзишгоҳи Равшани Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи сешанбе, баъди бозии дастаи футболи Равшани Кӯлоб ва Истиқлоли Душанбе, ки дар он Рустам писари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бозӣ мекунад, дар варзишгоҳ ва берун аз он моҷаро бархост, ки дар натиҷа 16 нафар маҷрӯҳ шуданд ва маъмурони милиса барои пароканда кардани мухлисони башӯромада, аз дуди ашковар истифода карданд. Додситонии вилоят, дар робита ба ин моҷаро бо банди “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бозӣ дастаи Истиқлол дар дақиқаи изофӣ ба дарвозаи Равшан гол задааст ва мухлисони Равшан мегӯянд, довар дар ин бозӣ беадолатӣ мекард.
XS
SM
MD
LG