Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби қонуни масъулияти падару модар, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай доштааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси кишвар дар вокуниш ба қабули ин қонун тавассути парлумони Тоҷикистон гуфт: «Воқеан, бо ниҳоят афсӯси бузург хабардор шудам, ки дирӯз қонун дар бораи масъулияти волидайн, бидуни тағйир ҳамчунон, ки ҳукумат пешниҳод карда буд, қабул шудааст. Тибқи ин қонун акнун ҷавонҳои то 18-сола агар ба масҷид раванд, падару модаронашон ба ҷазо кашида мешаванд. Ва ҳамчунин ба кодекси ҷиноятӣ дирӯз иловае қабул кард, ки ҳар касе, ки мактаби динӣ дорад, яъне ҳар касе агар ду кӯдакеро Қуръон омӯзиш диҳад, аз 5то 12 сол маҳкум ба зиндон мекунад. Пештар ҷазои маъмурӣ буд, ҳоло аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон мекунанд. Воқеан ҳам як мусибати бузург барои миллат бо қабули ин қонун ба сараш омад.»

Вокуниши Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба тасвиби қонуни масъулияти падару модар


Оқои Тураҷонзода афзуд, ки ӯ ин қонунро маҳкум мекунад ва бояд ҳар як марди мусалмон онро маҳкум намояд, зеро ин қонун ошкоро зидди ҳукми худо аст.

Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд рӯзи 15-уми июн аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон тарҳи ин лоиҳаро ба вакилон шарҳу тавзеҳ дода ва таъкид намуд, ки қабули ин қонун барои таъйини ӯҳдадорӣ ва масъулияти волидон, омӯзгор ва ҷомеа дар амри тарбият ва таълими фарзанд аз аҳамияти махсус бархурдор хоҳад буд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба истиснои ду вакил аз ҲНИ лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар»-ро, ки аз сӯи раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, саривақтӣ ва муҳим хонда буданд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилон аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумони Тоҷикистон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон карданд.

Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, ки тавассути қонун ҷилагирӣ кардан аз намозгузории ҷавонони то 18 сола дар масоҷид ва барои ин амр муҷозот кардани волидони онҳо як амали хилофи арзиш ва фароизи динӣ аст.

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ки лоиҳаи қонуни мазкурро тавзеҳ мекард, гуфт, ҳеҷ гуна зарурат бар ислоҳи тарҳи пешниҳодӣ вуҷуд надорад. Вай гуфт, ки ҷавонони тоҷик, ки дар макотиб таҳсил мекунанд, бояд пеш аз ҳама дар бораи гирифтани дониш ва маълумот биандешанд. Зеро ояндаи кишвар барои афроди огоҳ, мутахассис ва донишманд ниёз дорад. Ӯ аз вакилон даъват кард, ки лоиҳаро ҷонибдорӣ кунанд: «Ман пеш аз ҳама тарафдори ин қонун ҳастам, таблиғотгари ин қонун ҳастам. Ва ба хусус тарафдори он ҳастам, ки моддаи 8 банди 14 дар шакле, ки ҳаст қабул карда шавад. Яъне ба масҷид рафтани хонандагон ва донишҷӯён манъ карда шавад».

Зимнан бештари вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲХД барои исботи дурустии даъвои худ ҷиҳати манъи ширкат ва ҳузури ҷавонони то синни 18-солаи тоҷик дар ибодати дастҷамъона дар масоҷид, аз ҳаводиси ахири минтақаи шарқи Тоҷикистон ёдовар шуда таъкид карданд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо ҳар роҳу васила ба самти худ мекашанд.

Дар иҷлоси имрӯзи парлумон ҳамчунин вакилон ба Кодекси ҷиноятӣ ислоҳот ворид карданд, ки бар пояи он афроде, ки мактабҳои ғайриқонунии динӣ ва экстремистӣ ташкил мекунанд аз 5 то 12 сол маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 ҳазор нусха мунташир шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG