Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи иллатҳои марги ғайриоддии се сарбози рус


Додситонии низомии Русия, ба пажӯҳиши марги се сарбози як воҳиди низомӣ дар шаҳри ҷанубии Кинел дар вилояти Самара пардохтааст. Додситонии вилоят, риоят нашудани меъёрҳои бехатарӣ дар корҳои сохтмониро сабаби марги сарбозон медонад, ки аҷсоди онҳоро дар дохили систерна ё махзани сӯхт пайдо кардаанд. Маълум нест, ин се сарбоз чӣ гуна ба дохили ин махзан афтодаанд? Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, табибон иллатҳои марги сарбозонро ташхис мекунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ гуфтаанд, ба дурустии пажӯҳиши мақомот ҳеҷ бовар надоранд. Бадрафторӣ бо сарбозон дар артиши Русия, як мушкили бузургест, ки аз замони шӯравии собиқ то кунун боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG