Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Эронро масъули марги як хабарнигор хонданд


Кумиссиёни байналмилалии ҳуқуқи башар дар Эрон гуфт, вазорати адлия ва мақомоти зиндон масъули марги хабарнигор ва фаъоли саршинос Ҳудо Собирӣ ҳастанд, ки дар пайи гуруснашинӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Ҳодӣ Қоимӣ, мудири иҷроияи ин созмон ба Радиои Фардо гуфтааст, маъмурони зиндон амдан дар интиқоли Ҳудо Собир ба шифохона 6 соат таъхир карданд, ки сабаби марги ӯ шуд: “Ҳокимони Эрон гарчӣ ки талош мекунанд, онро марги табиӣ нишон бидиҳанд, вале тамомии шавоҳид нишон медиҳад, ки худи онҳо нақши бисёр муҳиме дар ба вуҷуд овардани ин шароит доранд.” Ҳудо Собирӣ дар эътироз ба марги як фаъоли дигар, Ҳола Сабоҳӣ, ки рӯзи якуми июн дар маросими дафни падараш даргузашт, рӯзи 2 июн ба гуруснанишинӣ оғоз кард, ки вазъи сиҳатиашро вахим кард. Ҳудо Собириро соли 2009 ба далели фаъолиятҳои сиёсиаш зиндонӣ шуд.
XS
SM
MD
LG