Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷараён дорад, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ чунин аст:

Гурӯҳи “А” - Озарбойҷон – Қирғизистон – 3:0
Туркия – Узбакистон – 6:0
Озарбойҷон – Узбакистон – 4:2
Туркия – Қирғизистон – 3:0
Озарбойҷон – Туркия – 2:4
Узбакистон - Қирғизистон - 7:0


Гурӯҳи “А” Б Ғ М Б Т/T И
Туркия 3 3 0 0 13-2 9
Озарбойҷон 3 2 0 1 9-6 6
Узбакистон 3 1 0 2 9-10 3
Қирғизисто 3 0 0 3 0-13 0

Гурӯҳи “В” - Гурҷистон – Қазоқистон – 5:1
Испания – Тоҷикистон – 6:0
Гурҷистон – Тоҷикистон – 3:0
Испания – Қазоқистон – 8:0
Қазоқистон – Тоҷикистон - 2:1
Испания – Гурҷистон – 1:1

Гурӯҳи “В” Б Ғ М Б Т/T И
Испания 3 2 1 0 15-1 7
Гурҷистон 3 2 1 0 11-2 7
Қазоқистон 3 1 0 2 2-14 3
Тоҷикистон 3 0 0 3 1-13 0

Бар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони ҳарду гурӯҳ – Туркия ва Испания ба финал баромаданд. Бозии ниҳоӣ 16-уми июн барпо мегардад. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб шуданд – Озарбойҷон ва Гурҷистон барои ҷойи севум мубориза хоҳанд бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG