Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Лондон ва НАТО ба ҳифзи фишори низомӣ


Бритониё ва НАТО хостори ҳифзи фишори низомӣ ба хотири суқути режими Муамммар Қаззофӣ дар Либия шуда, аммо гурӯҳи кишварҳои Иттиҳоди Африқо ба танаффуси “билофосила” дар ҷангҳои Либия ба хотири расондани кумакҳои башарӣ ба мардуми он кишвар даъват кардаанд. Ин дар ҳолест, ки чирикиҳои Либия таҳти ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии НАТО дар роҳ ба сӯи пойтахт, Троблус боз дастикам 2 рустои дигарро ба даст овардаанд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон дар пайи мулоқот бо дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, фурсати ҳукумати Қаззофӣ сар омадааст. Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Мавритания Ҳамадӣ Оулд Ҳамадӣ ба намояндагӣ аз Иттиҳоди давлатҳои Африқо гуфт, дар Либия барои тавзеъи ёриҳои лозим ба мардум як “танаффуси башардӯстона” зарур аст, ки оташбасу музокироти роҳҳалҳои буҳрони Либия байни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳоро ба дунбол дошта бошад.
XS
SM
MD
LG