Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳомоти нав алайҳи домоди собиқи Назарбоев


Алиев ва падарарӯсаш Назарбоев

Алиев ва падарарӯсаш Назарбоев

Додситонии Қазоқистон ба айбномаи алайҳи Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев, иттиҳоми қатли ду бонкдорро низ афзуд. Роҳат Алиев соли 2008 дар ғайбаш бо ҷароиме, чун қасди табаддулот, ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додситони кулл Асхат Доулбоев гуфт, Алиев акнун дигарбора муҳокима хоҳад шуд. Сухан дар бораи ду бонкдоре меравад, ки гуфта мешавад, дар соли 2007 дар пайи як баҳси молӣ бо Алиев рабуда ва кушта шуданд. Роҳат Алиев, ки дар Австрия паноҳ мебарад, ин иттиҳомро қаблан ҳам радд карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG