Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия аз мизбонии як бахши сипар даст мекашад


Александер Вондра
Александер Вондра
Мақомоти Чехия тасмим гирифтаанд, аз як бахши сипари дифоъи зиддимушакии Амрикову Аврупо хориҷ шаванд. Онҳо мегӯянд, Прага дар ин тарҳ хоҳад монд, вале на ба гунае, ки Амрико пешниҳод кардааст. Вазири дифоъи Ҷумҳурии Чех Александер Вондра дирӯз баъди мулоқот бо муовини вазири дифоъи Амрико Вилям Линн гуфт, Прага дар пайи арзёбии пешниҳоди Вошингтон аз мизбонии шабакаи хабардоркунии ин сипар даст кашид. Баҳси нақшаи истиқрори ин сипари зиддимушакӣ дар Чехияву Лаҳистон чанд сол боз идома дошта, ба мухолифати шадиди Русия дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG