Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ аз қувваи қазоияи Эрон


Ҳудо Собир
Ҳудо Собир
Кампайни байналмилалии ҳуқуқи башари Эрон масъулияти фавти хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқ Ҳудо Собирро ба дӯши қувваи қазоияи Эрон ва мақомоти зиндони Эвин дар Теҳрон гузошт. Ин созмон мегӯяд, мақомот Ҳудо Собирро сари вақт аз зиндон ба бемористон интиқол надоданд, ки боиси маргаш шуд. Намояндаи ин гурӯҳ аз номаи маҳбусони дигари Эвин иқтибос мекунад, ки навиштаанд, зиндонбонҳо ӯро қабл аз таҳвил ба бемористон шадидан латукӯб ҳам кардаанд. Ҳудо Собир, ки дар пайи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ зиндонӣ шуда буд, рӯзи 10 июн баъди 10 рӯзи гуруснанишиниаш ба нишони эътироз ба марги як маҳбуси дигари сиёсӣ Ҳола Саҳобӣ бар асари сактаи қалб даргузашт.
XS
SM
MD
LG