Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зан бо ҷурми қатли 4 фарзандаш


Мақомоти милисаи ноҳияи Турсунзода як сокини маҳаллиро бо иттиҳоми куштори 4 фарзандаш боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Заррагули 32-сола, ки дар ҷамоати Работ ба сар мебурд, фарзандони худро буғӣ карда, мекушт ва сипас ба бемористон мебурд, ки гӯё мариз шудааст. Ношири ин хабар – “Азия Плюс” – менависад, ки табибон фақат баъди даргузашти фарзанди чоруми ӯ ба шубҳа афтода, ба милиса муроҷиат кардаанд. Фарзандони кушташудаи ин зан аз 1 то 7 сол дошта, ӯ гуфтааст, ки дар ҳоли асабонияти шадид даст ба ҷони онҳо мезад. Алайҳи ин зани қотил парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG