Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ҷашнии Созмони Шонгҳой ба анҷом расид


Нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар пойтахти Қазоқистон бо тасвиби Эъломияи Остона ба анҷом расид. Дар ин ҳамоиш аз солгарди 10-уми таъсиси ин созмони минтақаӣ, ки Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад, таҷлил карданд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки низ ба Остона даъват шуда буд, дар нишасти Созмони Шонгҳой бори дигар ба Ғарб ҳамла кард ва гуфт, дар ҷаҳон ба ҷойи низоми феълие, ки ба ақидаи ӯ, "аз сӯи ғуломдорон ва истеъморгарони пешин" идора мешавад, бояд як низоми навин рӯи кор биояд.
Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар ҳошияи нишасти Остона Пекин барои Душанбе ваъдаи боз 112 миллион юан кумаки билоиваз кардааст.
XS
SM
MD
LG