Пайвандҳои дастрасӣ

Запатеро дар роҳ ба сӯи Остона


Хосу Луис Запатеро

Хосу Луис Запатеро

Имрӯз, 16 июн, сарвазири Испания Хосе Луис Запатеро барои 2 рӯз ба Қазоқистон сафар мекунад. Додгоҳи Ню-Йорк имрӯз ба муҳокимаи масъалаи қонунмандии истирдоди тоҷири силоҳ Виктор Бут аз Таиланд ба Амрико хоҳад пардохт. Имрӯз дар Боку анҷумани серӯзаи маъмурони ҳуқуқи башар оғоз ба кор мекунад. Имрӯз бо суханронии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамоиши серӯзаи иқтисодии Санкт-Петербург боз хоҳад шуд. Шӯрои Амнияти СММ имрӯз номзадии дабири кулли феълиаш Бан Кӣ Мун барои давраи дуввуми раёсатро баррасӣ хоҳад кард. Имрӯз дар Ню-Йорк ҷашнвораи дуҳафтаинаи филмҳои махсуси ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва дар Лос-Анҷелес ҷашнвораҳои филмҳо аз Эрону Ироқ ва Афғонистону Русия ифтитоҳ хоҳанд шуд. Ва дуруст 2 сол пеш, рӯзи 16 июни соли 2009 нахустин нишасти сарони BRIC – иттиҳоди бузургтарин иқтисодҳои дар ҳоли рушд, ки он замон Бразилияву Русия ва Ҳинду Чинро муттаҳид мекард, доир шуд.
XS
SM
MD
LG