Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар ду ҳамла дар Афғонистон


Бар асари ду ҳамлаи маргталабона дар Афғонистон дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи кишвар, аз таркиш канори бинои ҳукумат чаҳор сокини осоишта кушта шуданд.

Таркиши маргталабонаи дигар дар канори қарогоҳи волии вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Кобул, дасти кам 8 кушта бар ҷой гузошт.

Кушташудагон – кормандони полис ва сокинони осоишта буданд.
XS
SM
MD
LG