Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар нозирони маҳбасро маҳкум карданд


Созмони мавсум ба Маъракаи байнулмилалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон изҳор намуд, ки мақомоти додгоҳии Эрон ва нозирони маҳбасро масъули марги хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқи башар Ҳода Собир мехонанд.

Ба иттилоъи Радиои Фардо, Ҳода Собир рӯзи 10 июн дар маҳбаси Эвини Теҳрон аз олам даргузаштааст.

Ӯ шурӯъ аз рӯзи 2 июн ба нишони эътироз алайҳи куштори фаъоли ҳуқуқи башари занон Ҳола Сабоҳӣ гуруснашинӣ эълон карда буд. Хонум Сабоҳӣ рӯзи 1 июн дар як бархӯрд бо кормандони амниятӣ дар рӯзи дафни падараш ҷон бохт.

Ба иттилоъи расмӣ, Ҳода Собир бар асари маризии дил аз олам даргузаштааст.

Ва аммо раиси Маъракаи байнулмилалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон Ҳодӣ Қаюмӣ гуфтааст, ки кормандони маҳбас тайи шаш соат баъд аз хуруҷи маризии дил аз бурдани Ҳода Собир ба бемористон сарпечӣ карданд ва ин боиси ҳалокати ӯ гардид.
XS
SM
MD
LG