Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиканӣ дар Афина ба задухӯрд бо полис пайваст


Бар асари бархӯрди миёни эътирозгарон ва полис дар шаҳри Афина, пойтахти Юнон, дасти кам 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Гурӯҳи эътирозгарон дар канори бинои парлумон сӯи кормандони полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯхтро андохтанд. Полис аз гази ашковар истифода кард.

Имрӯз дар коршикании умумимиллӣ дар Афина тақрибан 40 ҳазор нафар ширкат карданд. Аксари муассисаҳои нақлиётиву мухобиротӣ бастаанд, бемористонҳо маризонро фақат дар ҳоли фавқулодда қабул мекунанд.

Вакилони парлумони Юнон имрӯз бастаи нави чораҳои зиддибӯҳронии ҳукуматро баррасӣ мекунанд. Ҳукумат ҷорӣ кардани чанд андози нав ва 20 дар сад коҳиш додани ҷойҳои кор дар муассисаҳои давлатиро пешбинӣ кардааст.

Мубориза бо касри буҷа – шарти асосии Итиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул барои дар ихтиёри Юнон гузоштани қарзи 110 миллиард еврогӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG