Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хостори эътидоли ҳарчӣ зудтари авзоъ дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна шуданд.

Арзёбии авзоъ дар ин минтақа дар меҳвари эъломияест, ки пас аз анҷоми нишасти сарони созмон дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, қабул шуд.

Раҳбарони кишварҳои узв, аз ҷумла, барои ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани низоъи мусаллаҳона дар Либия даъват карданд.

Онҳо ҳамчунин мухолифати худ ба нақшаҳои ИМА барои ҷойгир кардани системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупоро изҳор намуданд.

Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG