Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футбол дастаи "Равшан"-ро муҷозот кард


Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баъд аз бозии дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол”, дар ҷаласаи кумитаи назорати одоби Федератсия баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, “майдони футболи дастаи “Равшан” - варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аз баргузории панҷ бозии чемпионат маҳрум гашт ва дастаи “Равшан” ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд”.

Шералӣ Давлатов афзуд, “Равшан” панҷ бозии “хонагӣ”-ро дар варзишгоҳе, ки аз шаҳри Кӯлоб дар масофаи на камтар аз 100 километр ҷойгир аст, баргузор хоҳад кард.

Бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баъди он шурӯъ шуданд, ки дастаи “Равшан” бозиро ба дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 0:1 бохт. Мухлисони даста гуфтанд, ки онҳо ба ин васила ба беадолатии доварон эътироз кардаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони милиса бист нафарро ба далели авбошӣ ва барҳам задани тартибу низом боздошт намуданд.

Ӯ афзуд, ки бар асари сангандозӣ ва бархӯрд баъд аз бозӣ 10 нафар ҷароҳати сабук бардоштаанд. Чаҳор нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG