Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз дар Юнон коршикании умумимиллии навбатӣ алайҳи ҳукумат шурӯъ шуд. Аксари муассисаҳои нақлиётиву мухобиротӣ баста шудаанд, бемористонҳо маризонро фақат дар ҳоли фавқулодда қабул мекунанд.

Дар канори бинои парлумон дар Афина чанд ҳазор эътирозгарон гирди ҳам омадаанд.Имрӯз вакилони парлумон бастаи нави чораҳои зиддибӯҳронии ҳукуматро баррасӣ мекунанд. Ҳукумат ҷорӣ кардани чанд андози нав ва 20 дар сад коҳиш додани ҷойҳои кор дар муассисаҳои давлатиро пешбинӣ кардааст.

Мубориза бо касри буҷа – шарти асосии Итиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул барои дар ихтиёри Юнон гузоштани қарзи 110 миллиард еврогӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG