Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Сурия хостори бозгашти фирориён шуд


Мақомоти Сурия аз мардуме, ки шаҳри Ҷиср-аш-Шуғурро тарк намудаанд, даъват намуданд то ба манзилҳояшон баргарданд. Мансабдорони ҳукумат мегӯянд, ки вазъ дар шаҳр ба эътидол омадааст.

Чанд рӯз пеш нерӯҳои ҳукуматӣ тавассути тонку чархболҳо ин шаҳрро таҳти назорат қарор доданд. Айни ҳол низомиён дигар шаҳри гирифтори ошӯб – Маъарат-ал-Нӯъмонро иҳота кардаанд.

Мақомоти Туркия хабар доданд, ки тайи чанд рӯзи ахир беш аз 8-у ним ҳазор суриягиҳо вориди қаламрави кишвари ҳамсоя шудаанд.
XS
SM
MD
LG