Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии марзбонҳои тоҷик бо қочоқбарони афғон


Марзбонҳои тоҷик бо қочоқбарони маводи мухадири афғон ворилди даргирӣ шуданд.

Сухангӯи сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ба хабаргузории Азия-плюс иттилоъ дод, ки шаби аз 13 ба 14 июн марзбонҳои тоҷик дар дар қитъаи сарҳадии “Оқ-Мазор”-и ноҳияи Ҳамадонӣ гурӯҳи ношиноси иборат аз 10-12 нафарро ошкор карданд, ки аз марз убур намуда, мехостанд маводи мухадирро вориди Тоҷикистон кунанд.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, миёни марзбонҳо ва қочоқбарон даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он ду тан аз қочоқбарон кушта шуданд. Афроди боқимонда дар қаламрави Афғонистон панаҳ бурданд. Ба марзбонҳои тоҷик осеб нарасидааст.

Субҳи рӯзи 14 июн дар ҷойи ҳодиса як автомати Калашников, туфангчаи Макаров, борхалта бо 1 кило ҳероин ва 7,5 кило ҳашиш ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG