Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш дар вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Кобул, дасти кам 8 нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб худро дар канори қароргоҳи волии вилоят мунфаҷир кардааст. Кушташудагон – кормандони полис ва сокинони осоишта буданд.

Дар вилояти Вардак бошад, муовини раисиҷумҳури Афғонистон Карим Халилӣ ва вазири умури дохилӣ Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтанд.

Ҷангиён сӯи маркази таълимии кормандони полис, ки мансабдорони воломақом аз он дидан мекарданд, чанд мушак андохтанд. Ба касе осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG