Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри вожаномаи забони давраи Куруши Кабир


Матне ба забони аккадӣ.

Матне ба забони аккадӣ.

Нашри вожаномаи забони қадимии аккадӣ ба инсони имрӯзӣ имкон медиҳад, гӯиши оғозгоҳи тамаддунро бишнавад.

Нахуст ба ин ҷумла ва лаҳну оҳанги он гӯш диҳед:



Ин пораи мисли шеър бо забони бостонии аккадӣ аст, забоне, ки ба он чанд ҳазор сол қабл дар Байнуннаҳрайн, дар қаламравҳое, ки феълан байни Ироқу Эрон ва Сурияву Туркия тақсим шудааст, такаллум мекарданд.

Забони аккадӣ забони қонунномаи Ҳаммураппӣ буд ва ҳам забони Саргони бузург, нахустин
Фолбинҳои Бобулистон бар ин бовар буданд, ки худоён фармудаҳои худро рӯи ҷигар менависанд ва нақшҳое ки дар рӯи ҷигар мебинем, паёмҳои худоёни онҳост...

султони дунё ва ҳам забони подшоҳони ошӯрӣ, ки ба ривояти Инҷил, Байтулмуқаддасро забт карда буданд.

Ин забон аз хонаводаи забонҳои сомист, ки забонҳои арабӣ ва яҳудӣ низ аз он бархостаанд. Муҳаққиқони таърихи бостонии Байнуннаҳрайн ҳанӯз соли 1921 ба таълифи фарҳанги забони аккадӣ шурӯъ карданд ва натиҷаи тақрибан 90 соли кори наздики 100 донишманд ахиран дар як китоби бузурги иборат аз 10 000 саҳифа дар 20 ҷузъ тавассути Донишгоҳи Чикагои Амрико ба нашр расид.

Муҳаққиқон ибтидо ба ин китоб «Фарҳанги забони ошӯрӣ» ном гузошта буданд, вале дар ҷараёни таҳқиқот маълум шуд, ки забони ошӯрӣ танҳо як гӯиши забони аккадӣ будааст.

Марта Рот, сардабири ин китоби фарҳанг мегӯяд, ончӣ нашр шуд, фаротар аз танҳо як тафсири имлову вожаҳои аккадист:

Донишмандон Марта Росс(аз рост) ва Роберт Биггс

“Ин китоб 28 000 тафсири 28 000 вожаро гунҷонида, равзанаест ба умқи таърих, фарҳанг ва ҷомеаи Шарқи наздики аҳди бостон. Инро набояд фақат як фарҳанги тафсири вожаҳо донист. Ҳадаф аз ин тарҳ тафсири ҷаҳони Байнаннаҳрайни бостонӣ тавассути вожаҳоест, ки мо ҳифз кардаем.”

Байнаннаҳрайн аз рангинтарин гаҳвораҳои тамаддуни бостонист, ки фарҳанги шаҳрсозиву давлатсозӣ, ихтирои хатту тақвим ва китобдорӣ ҳамон замон аз ҳамин хок рӯидааст.

Эрониёни қадими замони Ҳахоманишиён низ аз ин хат истифода мекарданд ва Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки нахустин санади ҷаҳон дар бораи ҳуқуқ ва адл аст низ ба хатти аккадӣ ҳак шуда, то замони мо расидааст.

Маводи ин китоб бар пояи чанд миллион катибаи бостонист, ки баъди ҳазорсолаҳо аз зери хок ёфт шуда, ба дасти муҳаққиқон расиданд.
Ин катибаҳо ҳомили номаҳои хусусии моломоли қиссаҳои ишқу тарс ва ҳам асноди расмиву тиҷорӣ, тавсияҳои пизишкон ва мавъизаҳои мазҳабӣ будаанд ва ҳар кадом достоне, ки гӯшаҳои торики зиндагии инсонҳо дар ҳазорсолаҳои пешро барои мо бозгӯ мекунад.

Роберт Биггс аз донишгоҳи Чикаго, ки қариб 50 соли умрашро сарфи таҳқиқи боварҳои аҳли он аҳд, аз ҷумла бовари онҳо ба ҷигари гӯсфанд кардааст, мегӯяд:

"Фолбинҳои Бобулистон бар ин бовар буданд, ки худоён фармудаҳои худро рӯи ҷигар менависанд ва нақшҳое ки дар рӯи ҷигар
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир низ ба хатти аккадӣ иншо шудааст.

мебинем, паёмҳои худоёни онҳост. Аз ин рӯ, онҳо бисёр вақт аз ҷумла барои подшоҳ ва низомиёнаш бо ин шева фол мекушоданд. Ҳатто вақте роҳҳои дигари фолкушоӣ доштанд, чун таъбири хоб ё фол задан ба ситораҳо, боз ҳам мӯътамадтарин роҳи фолбинӣ барояшон ҳамин ҷигари гӯсфанд боқӣ мемонд.”

Забони ошӯрӣ, ки феълан дар Ироқ тақрибан ним миллион ошӯрии пайрави дини масеҳӣ ба он сӯҳбат мекунад, вориси забони қадими аккадӣ шинохта шуда, Юсуф Тӯъма, сардабири маҷаллаи “Андешаи масеҳӣ” дар Бағдод мегӯяд, нашр шудани фарҳанги забони аккадӣ барои ошӯриҳои ироқӣ хабари хуше хоҳад шуд.

Аммо қимати ин фарҳанги бузург ва нодир дар фурӯш зери 2000 доллар таъйин шудааст, ки албатта, хориҷ аз тавони бисёре аз ин мардум аст. Вале донишмандон онро барои ҳаводорони забонҳои бостонӣ дар интернет ҳам гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG