Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми сешанбеи 14-уми июн чаҳор бозии даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба охир расид.

Дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Бозии марказии даври 16-ум дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаи мизбон - “Равшан” ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро Александр Кудряшов дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Вале дар поёни ин бозӣ гурӯҳе аз мухлисон доварону кормандони милиса ва мошинҳои меҳмононро сангборон карданд. Ба иттилои Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш дар ҳамин ҳол дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсия мавриди муҳокима қарор гирифтааст ва гунаҳкорон бар асоси дастури баргузории бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд.

Дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, аз тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ду голи меҳмононро Шодибек Ғаффоров ва як голи мизбононро Зокир Бердиқулов заданд.

Дастаи «Гвардия»-и Душанбе аз тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Голҳоро Обидҷон Исмоилов (дақиқаи 4-ум), Давронҷон Тухтасунов (72) ва Илҳомҷон Ортиқов (82) ба самар расонданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Нахуст бозигари “Вахш” Реди Тройд, легионери амрикоӣ, дар замони изофӣ (90+2) ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа (90+4) голи ҷавобиро Фирдавс Қурбонов вориди дарвозаи мизбонон кард.

Бозии охирини даври 16-ум имрӯз, 15-уми июн, миёни дастаи мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум ва тими «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 9 гол дар ҷойи аввал аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ, Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Истиқлол"

12

11

1

0

28-6

34

2.

"Равшан"

14

9

2

3

24-9

29

3.

"Регар-ТадАЗ"

12

8

1

3

25-12

25

4.

"Хайр"

13

7

2

4

20-13

23

5.

"Энергетик"

15

7

1

7

21-22

22

6.

ССКА “Помир”

15

6

1

8

22-21

19

7.

"Хуҷанд"

14

5

3

6

12-19

18

8.

"Вахш"

14

5

1

8

14-16

16

9.

Шодмон”

14

4

2

8

18-23

14

10.

арвоз"

13

4

0

9

14-32

12

11.

вардия"

14

1

2

11

10-32

5


Даври 17-ум 18 июн (шанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»
«Вахш» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Шодмон»
«Гвардия» - «Хайр»

19 июн (якшанбе)

«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ»
XS
SM
MD
LG