Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрико аз бастани дафтари HRW дар Тошканд


Давлати Амрико аз ҳукми Додгоҳи олии Узбакистон, ки қарори бастани дафтари “Human Rights Watch”(HRW), як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар дар Тошкандро тасвиб кард, изҳори нигаронӣ кардааст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер дар як баёния гуфт, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатие, чун “Human Rights Watch” “дар ҷаҳон нақши муҳимеро иҷро мекунанд” ва Вошингтон аз баста шудани роҳи фаъолияти ин созмон дар Узбакистон изҳори таассуф мекунад. “Human Rights Watch” дар моҳи март эълон кард, ки дар пайи ба лағви сабти номи дафтараш дар Тошканд чанд дафъа иқдом кардани мақомоти узбак маҷбур аст, ин дафтарро бубандад.
Додгоҳи олии Узбакистон дар ҳафтаи гузашта қарори бастани дафтари ин созмонро тасвиб кард. “Human Rights Watch” дар посух Тошкандро ба маҳзи "вазъи ба сурати умум ваҳшатовари ҳуқуқи башараш” маҳкум кард ва гуфт, давлати Узбакистон ба дахолаташ дар умури ҷомиаи шаҳрвандӣ идома дода, фаъолонро таҳти табъиз қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG