Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО пойтахти Либия –Троблусро ҳадафи ҳамалоти бештари ҳавоӣ қарор додааст. Шаби гузашта дастикам 2 таркиш Троблусро таккон дод ва телевизиони Либия мегӯяд, бомбҳо ба аҳдофи низомиву мулкӣ асобат кардаанд. Ин гузориш бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, ин ҳамлаҳо талафоте ҳам дар пай дошт. Ҳавопаймоҳои НАТО ҳамчунин дар атрофи Зилтон шабномаҳое партофтаанд, ки дар он нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ба қатъи набардҳо даъват мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Канада низ эълон кард, ки Шӯрои миллии гузори чирикиҳои Либияро ба расмият мешиносад.
Чирикиҳои Либия мегӯянд, ахиран нирӯҳои Қаззофиро ақиб андохта, ба самти Троблус пештар рафтаанд.
XS
SM
MD
LG