Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров Гуллитро аз "Терек" ронд


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ситораи маъруфи футболи Ҳолланд Рууд Гуллитро баъди ҳамагӣ 4 моҳи кораш аз симати сармураббии тими футболи “Терек”-и Грозний барканор кард. Гуллит баъди бохти навбатии “Терек” дар бозие, ки ӯ мегуфт, бояд ҳатман бурда шавад, ба далели натиҷаҳои начандон хуби тимаш дар мусобиқоти лигаи олии футболи Русия сабукдӯш карда шуд. “Терек” феълан дар байни 16 тим дар лигаи олӣ дар мақоми 14-ум қарор гирифтааст. Тими Гуллит дирӯз дар охирин дақиқаи бозӣ бо “Амкар”-и Перм гол хӯрда, бозиро бо ҳисоби 0 бар 1 бохт. Зимнан сармурабии “Амкар” ситораи маъруфи футболи тоҷик Рашид Раҳимов аст. Рууд Гуллит ду дафъа беҳтари футболбози соли дунё шинохта шуда, яке аз тобноктарин ситораҳо дар таърихи футболи Ҳолланд ба шумор меояд ва қаблан мураббии тимҳои шӯҳратёре, чун “Челсӣ” ва “Нюкасл”-у “Фейенорд” буд.
XS
SM
MD
LG