Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти чирикиҳо дар ҷабҳаҳои ҷанги Либия


Даргириҳо дар атрофи Зилтон
Даргириҳо дар атрофи Зилтон
НАТО мегӯяд, алорағми нигарониҳо барои идомаи амалиёташ дар Либия нирӯи кофӣ дорад. Сухангӯи ин паймони низомӣ Оана Лунгеску гуфт, захоири НАТО барои ҳифзи фишор алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ кифоят мекунад. Бо ин ҳол, чирикиҳои Либия мегӯянд, нирӯҳои содиқ ба Қаззофиро ақиб андохта, дар самти пойтахт – Троблус пешрафт кардаанд. Чирикиҳо дар бораи ба даст овардани шаҳри Кикла, дар ҷанубуғарби Троблус хабар дода мегӯянд, дар ғарби Мисрота низ чанд километр пеш рафта, ба Зилтон, як пойгоҳи таҳти назорати нирӯҳои Қаззофӣ наздик шудаанд.
XS
SM
MD
LG