Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти артиши Сурия дар вилояти Идлиб


Артиши Сурия дар пайи ишғоли шаҳри ошӯбзадаи Ҷиср-аш-Шуғур ба амалиёташ дар вилояти шимолии Идлиб идома медиҳад. Ба гуфтаи як ҳомии ҳуқуқ, дар ҷараёни поккории рустоҳои атрофи ин шаҳр дастикам 6 нафар кушта шудаанд. Фаъолон мегӯянд, тонкҳои артиши Сурия акнун ба марзи шаҳри низ ошӯбзадаи Маърат-ал-Наъмом расидаанд. Ин шаҳр низ дар ин авохир шоҳиди эътирозҳои густарда алайҳи режими Башшор Асад шуда буд. Артиши Сурия дар пайи ҳалокати 120 маъмури амниятӣ дар Ҷиср-аш-Шуғур ба амалиёти густарда дар вилояти Идлиб шурӯъ кард. Мухолифин мегӯянд, ин қурбониён сарбозоне буданд, ки аз итоат саркашӣ карданд ва аз сӯи нирӯҳои содиқ ба режим кушта шуданд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, давлати Сурия даст ба “ҳамлаҳои мудҳиш” алайҳи мардуми худ задааст. Матбуоти Туркия мегӯяд, ҳудуди 7 000 нафар аз Сурия ба Туркия паноҳ овардаанд.
XS
SM
MD
LG