Пайвандҳои дастрасӣ

10-солагии Созмони Шонгҳой дар Остона таҷлил мешавад


Остона, пойтахти Қазоқистон, имрӯз мизбони нишасти вижаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст, ки ин бор ба хотири таҷлил аз солгарди 10-уми таъсиси ин созмони минтақаӣ гирди ҳам меоянд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба хотири ширкат дар ин нишаст ба Остона рафтааст. Созмони Шонгҳой Русияву Чин ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар бар мегирад. Дар баробари раҳбарони ин 6 кишвар қарор, дар нишасти Остона руъасои ҷумҳуриҳои Покистону Эрон ва Афғонистон низ ширкат кунанд. Интизор меравад, байни раҳбарон дар ҳошияи нишасти Остона як силсила мулоқотҳои дуҷонибаву чандҷониба низ доир шавад. Аммо мушовири раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко гуфт, ба узвияти созмон пазируфтани кадоме аз кишварҳои нозир дар ин ҳамоиш дар назар дошта нашудааст.
XS
SM
MD
LG