Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи 54 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман


Абдулло Юлдошев

Абдулло Юлдошев

Ҳавопаймоҳои вазорати ҳолоти изтирории Русия дар баробари атбоъи ин кишвар 54 табиби тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳоро низ аз Яман берун кашидаанд. Амалиёти хуруҷи атбоъи Русия аз ин кишвари ошӯбзадаи нимқораи Араб 2 рӯз боз идома дорад. Абдулло Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гуфт, дар Яман дар маҷмӯъ 165 шаҳрванди тоҷик ба сар мебурданд. Аксари атбоъи Тоҷикистон дар Яман табибонанд, ки тавассути ширкатҳои русӣ истихдом шудаанд. Эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз моҳи январ идома дошта, дар ин авохир ба даргириҳо печид.
XS
SM
MD
LG