Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ҳилларӣ Клинтон аз Эрон барои ҳимоят аз Сурия


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико Эронро барои ҳимояташ аз Сурия муттаҳам кард. Вай гуфт, Эрон аз саркӯбии тазоҳуркунандагони хостори демократия ба дасти режими Сурия ҳимоя кардааст. Бо назардошти саркӯбии тазоҳуркунандагони 2 сол пеши Эрон, ки баъд аз интихоботи зидду нақизи раёсати ҷумҳурӣ мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинежодро як давраи дигар тамдид кард, хонум Клинтон дар изҳороте Эронро барои ҳимоят аз Сурия мавриди интиқод қарор дод. Дар ин изҳорот хонум Клинтон дар бораи наҳваи кӯмакҳои Эрон ба Сурия сӯҳбат накард.
XS
SM
MD
LG