Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми сешанбеи 14-уми июн чаҳор бозии даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: “Равшан” (Кӯлоб) - “Истиқлол” (Душанбе) -0:1 , “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Энергетик” (Душанбе) -1:2 , “Вахш” (Қӯрғонтеппа) - “Шодмон” (Ҳисор) -1:1 , “Гвардия” (Душанбе) – ССКА “Помир” (Душанбе) – 0:3.

Бозии охирини даври 16-ум бегоҳи чоршанбеи 15-уми июн миёни дастаҳои “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бо 25 имтиёз дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар бораи натоиҷи бозиҳои даври 16-ум дар гузориши оянда муфассал маълумот хоҳем дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG