Пайвандҳои дастрасӣ

2 миллатгарои рус ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Имрӯз додгоҳи Русия ду миллатгарои тундравро ба ҳабси абад маҳкум кард. Хабаргузории AFP-и Фаронса аз қавли сухангӯи додгоҳи Санкт-Петербург мегӯяд, раҳбари як гурӯҳ ва як узви он ба ҳабси абад ва даҳ нафар аъзои дигари гурӯҳ аз 2 то 18 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Як мард аз Кориеяи Шимолӣ, як донишҷӯ аз Сенегал ва як фаъоли зидди нажодпарастӣ аз Русия қурбони дасти ин миллатгароёни рус шудаанд. Бино ба хабари Сова-гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Русия, соли гузашта дар ин кишвар аз дасти миллатгароён 37 нафар кушта, 380 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG