Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Трибун»


Дар албоми расмҳои тағоям нигоҳам ба як расм дӯхта шуд. Расм, ҳарчанд хеле кӯҳна буд, гӯиё ҳеч аҷобате надошт. Ин дар назари аввал буд.

Дар он акси одамони замони чандин сол пеш сабт шуда буд. Диққати манро он чиз ба худ ҷалб кард, ки чанд нафар дар боло истодаанд ва мардуми бисёре дар поён истодаанд.




Тағоям аз нигоҳи ман магар рамуз гирифт, ки ба шарҳ додани он расм пардохт. Ӯ чунин нақл кард:

“Ин расм тақрибан дар охири солҳои 60-уми асри 20 гирифта шудааст. Он вақт ман ҷавон будам, муаллим будам. Ин сохтмони пур аз шиор дар маркази деҳкада воқеъ гардида буд, ки мардум ба он «трибун» мегуфтанд. Яъне, минбар. Он як салобати ба худ хос дошт ва дар рӯзҳои одӣ одамон ба он наздик намешуданд.

Лекин дар рӯзҳои махсус (1-уми май, 9-уми май, 7-уми ноябр) ҳамаи хурду калон ба назди он меомаданд. Гӯё он аз оҳанрабо ё магнит буд!

Дар ин рӯзҳо он бо шиору байрақҳои сурхи СССР ва портретҳои доҳии пролетариати* ҷаҳону роҳбарони ҳукумат (аъзои КМ КПСС) зебу зинат дода мешуд. Раисону бузургони район** ва деҳаамон ба болои он мебаромаданд. Мардуми боқимонда дар таҳи он рост истода, ба суханрониҳои онҳо бо даҳони кушода гӯш медоданд. Микрофону динамикҳоро мешинонданду идро оғоз мекарданд.

Аз суханрониҳои он раисон мо чунин мефаҳмидем, ки беҳтарин халқи рӯи дунё мо, мардумони советӣ, ҳастем: зиндагиямон хуб, шикамамон сер, беғамем, чунки ғами моро партияи ҷоноҷон мехӯрад, соҳиби кору пул ҳастем, мактабу касалхонаҳоямон бепул, хулоса, хушбахтем, одамони кишварҳои дигар бошанд, махсусан Америка, ғуломанд, шикамашон доим гушна, дар он ҷо ҳама чиз (ҳатто мактабу бемористонҳо) пулакӣ, чунки дар он мамлакатҳо асосан бойҳо ва сармоя ё капитал ҳукмронӣ менамояд, касе дар парвои касе нест ва ғайра. Мо, рости гап, фахр мекардем ва сарамон ба осмон мерасид. Албатта, мо он вақтҳо он қадар сер набудем. Магазинҳо, ҳоло “мағоза” мегӯянд, чизи кам дошт. Вале ин муҳим набуд барои мо. Мо хушбахт будем (ба ҳар ҳол, мо худро чунин меҳисобидем). Шабу рӯз ин эҳсосро ба мо радиои панҷсӯма талқин мекард. Он вақт телевизор набуд ва ягона ҷои тамошо кинотеатр буд, ки мо қариб ҳар рӯз он ҷо мерафтем. Киноҳоро тамошо мекардему фахр мекардем, ки мо халқи советием. Вақте ки дар ин филмҳо Сталини бузургро нишон медоданд, мо ҳама (калонсолон ва наврасон) аз ҷойҳоямон хеста, дурудароз қарсак мезадем. Баъди кино ба хонаҳоямон рафта, пеш аз хоб чизе мехӯрдем.

Хайр, инаш ба мо одат шуда буд, ки мо худамонро дар назди роҳбарону раисон гунаҳгор мешуморидем. Бе ягон сабаб, албатта. Гӯё ҳамин хел ҳам бояд бошад.Чунки онҳо калонанду мо хурд, майда. Одамча, хулоса. Вақте ки ба мактабамон ягон нафар аз райком*** омада, дар маҷлисамон ба сарамон дод мезад, ки чаро ба давлат кам гӯшту шир супоридаем, ростӣ, ҳамаи мо сархам мешудем ва худро гунаҳгор мешумурдем, ки чаро ба ҳукумати ҷоноҷони ҳамеша дар фикри осудагиямон буда воқеан ба қадри даркорӣ гӯшту шир ва равғану пашм насупоридаем, плани**** пилларо барзиёд иҷро накардаем. Ин муҳим набуд, ки кӯдакони худамон чӣ мехӯранд. Муҳим он буд, ки «план»-ро иҷро кунем. Плани ватандӯстиро!

Баъд зиндагӣ каме нағзтар шуд. Калонсолон мегуфтанд, ки хеле нағз шуд. Махсусан дар давраи Брежнев зиндагӣ ба маротиб беҳтар шуд. Магазинҳо пур шуд. Аммо баъзе нотавонбинҳо мегуфтанд, ки анборҳо холӣ шуда истодаанд ва баъди якчанд сол…

Мо, албатта, ба ин гапҳо дода намешудем, чунки худи Хрюшёв ваъда дода буд, ки соли 1980 мо дар давраи коммунизм, яъне давраи серу пур зиндагӣ мекунем. Рости гап, вай чӣ хиёнате карду аз вазифаи баланди подшоҳӣ гирифтанаш.
Хуб, ин пеш буд. Ба ҷои вай Брежнев омад ва беш аз 14 сол раҳбарӣ кард. Баъд вай ҳам мурд. Черненко ва Андропов ҳам яксолӣ кор карданду халқи советиро ба ҳоли худаш монда, ба он дунё рафтанд. То Горбачёв омад, ки баракати зиндагӣ парид. Мағозаҳо ҳам холӣ шуданд. Ба онҳо медаромадӣ, ки аз бечизӣ чор деворашон буввас мекард!

Бечора Горбачёв қариб шаш сол подшоҳӣ кард. Вақти дар рухсатӣ буданаш ГКЧП* пайдо шуду хост, ки «хрушовгир»-аш кунад. Аммо нашуд. Бисёриҳо мегӯянд, ки агар мегирифтанаш, мо ҳатман ба коммунизм мерасидем. Хайр, нашуд, ки нашуд. Хости Худованд ҳамин будааст.

Баъд СССР барҳам хӯрд. Як давлати аждаҳор ва муқтадири ҷаҳон нобуд шуд. Дар як рӯз, дар як соат. Албатта, инро касе бовар намекард! Вале воқеият чунин буд ва хости Худо ҳам.
СССР аз ҳам пошид. Ҳама ҷумҳуриҳо мустақил шуданд. Аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, ҳарчанд инро намехост.

Баъд ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар Тоҷикистон. Одамони бисёре кушта шуданд. Одамони бисёр бехонаву дар! Ва мо нишон додем, ки ҳамааш дурӯғ будааст. Дурӯғ будааст, ки мо халқи советием, хушбахтем, бародару баробарем, сулҳхоҳем…

Ҳамон «трибун»-аш ҳам дурӯғ будааст ва гапҳои болохонадоре, ки аз рӯи он ба мардуми даҳонбозу зудбовар гуфта мешуд! Шиорҳо дурӯғ будааст ва байрақҳои ягона Ватани бузург!

Солҳои ахири СССР дар назди ҳамон трибуна ягон чорабиние гузаронида намешуд. Дигар касе ба он аҳамият намедод. Онро чун солҳои пеш дигар тозаву озода нигоҳ намедоштанд. Баъд он ба ҳоҷатхона табдил ёфт!...

Чун зиндагии имрӯзаи мо», хулоса мекунад тағоям.

Сиддиқ Муборак, шаҳрванди Тоҷикистон.

PS. Мегӯянд, ҳоло дар ҷои он як мағозаи калон сохтаанд.
--------------------------
пролетариат* -- камбағалон
район** -- ноҳия
райком***-- кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист
план****-- нақша (Дар СССР нақшаҳои семоҳа, нимсола, яксола ва панҷсола мавҷуд буд.)
XS
SM
MD
LG