Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Ҳизб ут-Таҳрири Тоҷикистон боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар шаҳри Душанбе Шарифҷон Ёқубов-амири Ҳизб ут-Таҳрири Тоҷикистон боздошт шудааст. Вай сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳамчунин маълум шудааст, ки шаҳрванд Ёқубов ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, почтаи элоктронӣ бо гурӯҳҳои дигари ҷиноии сатҳи байналмиллалӣ алоқа доштааст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Ёқубов 8-ӯми июн боздошт ва ба ниҳодҳои амниятиии Тоҷикистон супурда шудааст. Асадуллоев мегӯяд, Ёқубов бо истифода аз интернет бо Ато Абу ар-Рушт дар Лондон, ки амири Ҳизб Ут-Таҳрир дар тамоми ҷаҳон дониста мешавад, иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG