Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ мудири иҷрояи СБП хоҳад шуд?


Кристин Лагард ва Аугустин Карстен
Кристин Лагард ва Аугустин Карстен

СБП эълон кард, ки хонум Кристин Лагард аз Фаронса ва Аугустин Карстен аз Мексика номзадҳои асосӣ ба мансаби мудири иҷроияи ин ниҳоди молӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар изҳороти Сандуқи Байналмилалии Пул гуфта мешавад, ки 24 узви Шӯрои мудирон, баъди мусоҳиба бо ду номзади ёдшуда то 30-уми июни соли равон номи мудири ояндаи Сандуқро эълон хоҳанд кард.

Моҳи гузашта раҳбари Сандуқи байналмилалии Пул Доминик Стросс-Кан дар шаҳри Ню-Йорк боздошт шуд. Баъди ин ҳодиса ӯ истеъфо дод, то номашро аз айбномаи кӯшиши таҷовуз ба номуси яке ходимони меҳмонсарои Софители Нюйорк пок кунад.

Стросс-Кани пайрави ҳизби сотсиалист, ки қаблан яке аз номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии Фаронса дар интихоботи президентии соли 2012-ум арзёбӣ мешуд, айбномаро рад кардааст.

НОМЗАДИ ФАРОНСА ПУШТИБОНИ БЕШТАР ДОРАД

Коршиносон вазири молияи Фаронса Лагардро номзади пешдаст унвон додаанд. Ин хонуми 55-сола аз тарафи Миср, Индонезия ва як идда мамолики бонуфузи Африқо пуштибонӣ ёфтааст. Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунанд, ки Сандуқи Байналмилалии Пул дар кӯмак ба ҳалли бӯҳрони молӣ дар кишварҳои аврупоии Юнон, Ирландия ва Португалия саҳмгир аст ва аз ин рӯ, интихоби номзади аврупоӣ айни муддаост.

Вале мухолифини Лагард ёдовар шудаанд, ки додгоҳи Фаронса мунтазири интихоботи Сандуқи Байналмилалии Пул буда, 8-уми июл айбномаи сӯиистифода аз қудрати Лагардро муҳокима мекунад.

Рақиби Лагард Карстенис 53-сола дар гузашта вазифаҳои вазири молияи Мексика ва муовини мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пулро бар дӯш доштааст.

Тибқи анъана раҳбарии Сандуқи байналмилалии Пулро намояндаи Аврупо ва сарварии Бонки Ҷаҳониро намояндаи ИМА бар ӯҳда доранд. Кишварҳои дар ҳоли рушд ба вижа гурӯҳи БРИК, яъне Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин ошкоро кадом яке аз номзадҳоро пуштибонӣ накардаанд. ИМА, Япония ва Аргентинаи дорои нуфуз дар Сандуқ низ то ҳанӯз хомӯш мебошанд.

НОМЗАДИ МЕКСИКОӢ АЗ РАҚОБАТ ДАСТ НАМЕКАШАД

Карстен бо ишора ба бӯҳрони молии Аврупо иброз дошт, ки феълан интихоби номзади аврупоӣ бархӯрди манфиатҳоро ба вуҷуд меорад. Ба қавли ин номзади мексикоӣ, дар шароити бӯҳрони молии Аврупо, барои Сандуқ як нафаре аз берун зарур аст, ки бо фикри тоза дар ҳалли бӯҳрон саҳм гирад: “Ба ман ин омил кӯмак хоҳад кард, ки ман фикри тоза дорам. Ман дар ин раванд нақше надоштаам. Ин бӯҳрон чанд моҳ пеш не, чанд сол пеш оғоз ёфтааст. Ба фикрам ман, чун нафаре аз берун, хоҳам тавонист, ки ошкорову содиқона иқдомҳоямро амалӣ кунам. Ин пешдастии ман аст.”

Яке аз довталабҳои дигари курсии мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии Пул-раиси бонки марказии Исроил Стенлӣ Фишер буд, ки аз сӯи Шӯрои Мудирон қабул нашудааст. Фишер 67 сола буда, тибқи дастурҳои Сандуқ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум мебошад. Раиси бонки марказии Қазоқистон Григорий Марченко ва як довталаби дигар аз Африқои Ҷанубӣ номзадияшонро бозхондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, пирӯзии Лагард ҷои баҳс надорад.
XS
SM
MD
LG